ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Бонки миллӣ барои бошандагони «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» хони идона орост

Март 19, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 19.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз  Бонки миллии Тоҷикистон барои 240 нафар бошандагони Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор» дастархони идона ороста, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи оинҳои наврӯзӣ ва пайравӣ ба ташаббусу ибтикороти  башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ сурат гирифт.

Зимни аёдат роҳбарияти бонк бо шароити зисти бошандагони ин муассиса шинос шуда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфтанд.

Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ ба  ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим маҳсуб мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз иқдоми инсонпарварона ва ҳидоятҳои Пешвои миллат минбаъд низ ба таври доимӣ, новобаста аз иду ҷашнҳо ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.

Март 19, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд