Пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Швейтсария манъ карда шуд

Март 8, 2021 18:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббуси қонунгузорӣ дар мавриди манъи пӯшидани рӯй дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки  зимни раъйпурсии рӯзи якшанбе дар Швейтсария баргузор шуд, аз тарафи шаҳрвандон дастгирӣ ёфт. Онро аксарияти сокинони 20 ноҳия аз 26 ноҳия ва ниманоҳияҳои кишвар дастгирӣ карданд, иттилоъ додааст ҳукумати Швейтсария, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

 Ҳамагӣ 51,21% иштирокчиёни раъйпурсӣ ба ҷонибдории ин иқдом ва 48,79% муқобили он овоз доданд. Манъи пӯшонидани рӯй дар нақлиёти ҷамъиятӣ, биноҳои маъмурӣ, тарабхонаҳо, дӯконҳо, варзишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои барои мардум дастрас ҳам нисбат ба шаҳрвандони Швейтсария ва ҳам хориҷиён истифода мешавад. Истисноҳо барои ибодатгоҳҳо, инчунин дар ҳолатҳое, ки рӯй бо сабабҳои тиббӣ ва шароити иқлимӣ пӯшонида мешавад,  пешбинӣ шудаанд.

Ба ҳамин тартиб, аз ҷумла, пӯшидани фаранҷӣ (хилъати васеъ, ки рӯйро бо тӯр мепӯшонад) ва ниқоб (кулоҳи занони мусулмон, ки рӯйро мепӯшонад ва чоки борик дорад) манъ карда шудааст. Кумитаи ҷамъиятӣ, ки ташаббускори раъйпурсӣ мебошад, бар ин назар аст, ки «пӯшонидани рӯйи худ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хилофи рӯҳияи либералии зиндагии муштарак» дар ҷомеа аст. Ба ақидаи кумита, қонуни нав ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Швейтсария имкон медиҳад, ки «бо қонунвайронкунандагони ниқобпӯш қотеъона мубориза баранд», аз ҷумла ҳангоми намоишҳо ва чорабиниҳои варзишӣ. Дар изҳороти вобаста ба ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ, кумита дастгирии шаҳрвандонро аз ташаббуси худ ҳамчун «ишораи возеҳ» ба нафъи озодиҳои динӣ арзёбӣ кард.

Аммо на ҳама дар Швейтсария ҷонибдори ин ақида мебошанд. Шӯрои марказии исломии Швейтсария изҳор намуд, ки натиҷаи раъйпурсӣ боиси «ноумедии амиқи мусулмонони дар Швейтсария таваллуд ва ба воя расида гардид». Шӯрои мазкур чунин меҳисобад, ки ҳукумат бояд барои дифои мусулмонон аз табъиз тадбирҳо андешад. Инчунин созмони дифои ҳуқуқи башар Amnesty International («Aвфи байналмилалӣ») муносибати манфии худро нисбат ба  пӯшонидани рӯй изҳор кардааст. Вай аз ҳукумат ва парлумони Швейтсария даъват кардааст, ки «бидуни қайду шарт ҳуқуқҳои бунёдии ақаллияти мазҳабии кишварро пуштибонӣ кунанд ва ба нафъи ҳамзистии мусолиматомез гом бардоранд».

Ҳукумат зиддияти худро нисбат ба ҷорӣ кардани манъи пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, изҳор намуд. Ҳукумат  тавсия додааст, ки ташаббуси қонунгузорӣ дар ин робита рад карда шавад ва ба ивази он лоиҳаи нармтари қонунгузории пешниҳоднамудаи он қабул карда шавад. Тибқи он аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки рӯи худро танҳо дар ҳолатҳое кушоянд, ки мақомот барои муайян кардани шахсияти афрод бар он исрор варзанд.

Маҷмӯан, ба раъйпурсии рӯзи якшанбе се савол пешниҳод шуда буд. Шаҳрвандон лоиҳаи қонуни манъи пӯшидани рӯй ва шартномаи шарикии иқтисодиро бо Индонезия тасдиқ карданд, аммо лоиҳаи қонун дар бораи  шиносоии рақамии шахсиятро дар интернет рад карданд.

Март 8, 2021 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид