Шӯрои энергетикии неруи барқи ИДМ масъалаҳои мубрами ҳамкории соҳавиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо Протоколи Шӯрои энергетикии неруи барқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШЭНБ ИДМ) қарорҳои ҷаласаи 57-ум, ки дар онҳо масъалаҳои танзими меъёрӣ ва ҳамкорӣ то соли 2030 баррасӣ шуда буданд, ғоибона тасвиб шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар соли 2020 муҳлати навбатии ваколатҳои раиси Комиссияи ҳамоҳангсозии амалиётӣ — технологии фаъолияти муштараки системаҳои энергетикии ИДМ ва Балтика (KҲАTФ) ба охир расид. Шӯро қарор кард, ки Раиси KҲАTФ барои солҳои 2020-2022 Раиси Раёсати ҶС «Оператори системавии Системаи ягонаи энергетикӣ» Борис Аюев, ки аз соли 2004 сарвари Комиссия мебошад, таъйин карда шавад. Номзадии ӯ қаблан дар ҷаласаи 37-уми KҲАTФ, ки моҳи октябри соли 2020 дар шакли конференсияи видеоӣ баргузор шуда буд, тасдиқ шуда буд.
Иштирокчиёни ҷаласа Тавсияҳо оид ба пайвастани технологӣ ба шабакаҳои барқии дастгоҳҳои қабулкунандаи энергияи истеъмолкунандагони неруи барқ, иншооти истеҳсолкунандаи неруи барқ, иншооти шабакаҳои барқ, Тавсияҳои методӣ оид ба рақамикунонии иншооти шабакаҳои барқ ва ташкили баҳрабардории дастгоҳҳои барқӣ дар заминаи технологияҳои рақамӣ ва Тавсияҳои методӣ оид ба кор бо кадрҳо дар ташкилотҳои соҳаи энергетикии кишварҳои узви ИДМ -ро тасдиқ карданд. Шӯрои энергетикии неруи барқи ИДМ ба вазоратҳои дахлдор, ширкатҳои энергетикии миллӣ ва мақомоти назорати давлатии энергетикии кишварҳои узви ИДМ тавсия медиҳад, ки зимни таҳияи асноди дахлдор муқаррароти навро истифода баранд. Дар ҷаласа инчунин тағйирот ба Низомнома дар бораи гурӯҳи кории «Навсозӣ ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрӣ — техникии танзими неруи барқ дар доираи ИДМ» тасдиқ шуданд. Ғайр аз ин, дар бораи қатъ кардани Тавсияҳои асосии техникӣ оид ба воситаҳои танзими басомад ва ҷараёни иқтидори фаъол, ки бо Қарори ҷаласаи 35-уми Шӯрои неруи барқи ИДМ аз 29 майи соли 2009 тасдиқ шуда буд, қарор қабул карда шуд.
Маҷмӯан, Шӯрои энергетикии неруи барқи ИДМ дар давоми ҷаласа ҳаждаҳ масъалаи рӯзномаро, аз ҷумла лоиҳаи Стратегияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи неруи барқ то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро баррасӣ намуд. Қарорҳо оид ба масъалаҳои рӯзнома якдилона қабул карда шуданд.
Дар ҷаласаи 57-уми Шӯрои энергетикии неруи барқи ИДМ ба ғайр аз ҷониби Россия, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Озарбойҷон низ ширкат варзиданд.
АКС: хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






