ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 март, шанбе, 86-умин рӯзи соли 2021 аст
27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи вақти Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев масоили гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуданд.
***
7 сол пеш, 27 марти соли 2014 дар Афғонистон мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Котиби Генералии вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба унвони иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, табрикнома ирсол намуд.
27 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии театр.
***
Рӯзи қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Россия.
***
Дар Ангола – Рӯзи ғалаба.
РӮЙДОДҲО:
27 марти соли 1933 дар шаҳри Душанбе китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.
***
7 сол пеш, 27 марти соли 2014 дар шаҳри Кобули ҶИ Афғонистон чорабинии тантанавӣ ва Конфронси байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар он сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони воломақом аз ҳашт мамлакати ҳавзаи тамаддуни ин ҷашни мардумию табиӣ иштирок намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Малдив бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард.
***
28 сол пеш аз ин, 27 марти соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ таъсис дода шуд.
***
27 марти соли 1998 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи оғози тамринҳои сарҳадбонони Албания барои ҳифзи сарҳад бо Югославия хабар дод.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
***
Соли 1913 дар Оттава аввалин шумораи рӯзномаи франсуззабони «Ле Друа» нашр шуд.