Вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷуёни Академияи идоракунии давлатӣ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Парвина Меликова ва Саодатшо Матробиён дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо колективи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони масъули Академияи мазкур мулоқот намуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Баромадкунандагон иброз намуданд, ки дар фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои мардум дар ҷойи аввал қарор дорад. Ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии Сарвари давлат равшан зоҳир ёфтааст.
Дар мулоқот зикр шуд, ки дар асоси таҳлилҳои илман асоснокшуда аҳолии мамлакат аз 9,5 миллион нафар дар соли 2020 то ба 10,5 миллион дар соли 2025 афзоиш меёбад. Ин далел тақозо менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо бо истифодаи фарҳанги заминдории худ, яъне самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин маводи ғизои аввалия – хосса маҳсулоти ғалладонагиро барои ду соли оянда захира намоем. Ин нукта борҳо зимни суханронии Пешвои муаззами миллат низ баён шудааст.
«Барои ин, моро мебояд, ки аз ҳозир ба кишти баҳорона ҳам дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ҳам дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ омодагии бештар бинем. Додани нуриҳои минералӣ ба замин, яхоб мондан ба марзаҳо, интихоби дурусти тухмӣ ва дар асоси талаботҳои агротехнологӣ кишт кардан ба афзуншавии маҳсулот оварда мерасонад. Таҷрибаҳои солҳои охир нишон дода истодаанд, ки деҳқонон ба кишту парвариши маҳсулотҳое сару кор мегиранд, ки даромади бештар ба буҷаи оила меорад. Махсусан самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ бар манфиати кор аст»,-таъкид намуданд онҳо.
Гуфта шуд, ки интихоби навъҳои дурусти дарахтони мевадиҳанда аз қабили зардолу, себ, олу, шафтолу анор барои бозоргир шудани маҳсулот заминаи хуб мегузорад. Дигар аз сарчашмаҳои даромад, ки барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ кӯмак мерасонад, ин ташкили гармхонаҳо мебошад, ки ин таҷриба дар вилояти Суғд васеъ ба роҳ монда шудааст. Тавре аз ҳисоботҳои оморӣ бармеояд, айни ҳол дар вилоят наздики 60 гектар гармхонаҳо мавҷуд аст, ки барои таъмини мардум ба сабзавоти тару тоза дар мавсими тирамоҳу зимистон хизмат мекунад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ҳарчӣ бештар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва дар ин замина ғанӣ намудани буҷаи кишвар саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки маҳз оқилона истифода бурдани ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ мо дар самти коркарди маҳсулотҳои гӯштиву ширӣ ва ордӣ ба дастовардҳои хубе ноил гардидем. Танҳо дар вилояти Суғд давоми 5 соли охир арзи ҳастӣ кардани беш аз 50 коргоҳҳо дар ин самт натанҳо бозори дохила, балки кишварҳои ҳамсояро бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ таъмин намуд. Дар ин росто моро зарур аст, ки минбаъд коркарди маҳсулотҳои пахтаву пашм, меваву сабзавотҳоро бо таъсиси коргоҳҳои хурд ба роҳ монем.
Вакилони мардумӣ дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои мулоқот бо интихобкунандагон 15 март оғоз гардида, то 25 март идома меёбад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






