Осорхонаи миллии Деҳлӣ ба шарафи 110-солагии Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон намоишгоҳ доир менамояд
ДУШАНБЕ, 03.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Деҳлӣ ният дорад, ки бахшида ба таҷлили 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ доир намояд. Ин матлаб 2 март зимни мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх баён гардид.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати корпуси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони ҳиндӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуда, таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик боз ҳам бештар муаррифӣ карда шуд.
Ба ин восита онҳо бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш шинос гардиданд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






