«ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи «Суруш»-и пойтахт ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад” доир гардид, ки дар занону ҷавондухтарони фаъол, кормандзанони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, нахуст дар ҳамоиши тантанавӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба тамоми модарону бонувон ва ҳамватанон расонида, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудан ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Гуфта шуд, ки бонувон ҳамчун сокинони ташаббускори пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан баҳри таҷлили сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон нақши беандоза доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашн, чун анъана бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврӯз» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр, бонувон- фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 3 633 450 (се миллиону шашсаду сиву се ҳазору чорсаду панҷоҳ) сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он дар фазои тантанавӣ ба бонувони бахшҳои зикршуда тақдим карда шуд.
Ҳамоиши идона бо дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон анҷом ёфт.


















«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






