17 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад

Апрель 14, 2021 08:41

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел бахшида ба  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт барои пардохти хароҷоти Ниммарафони мазкур  493 049 (чорсаду наваду се ҳазору чилунуҳ) сомонӣ  ҷудо гардид. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе соати 09:00 оғоз ёфта,  Кумитаи тадорукот  вазифадор гардидааст, ки онро  мутобиқи хати дави муайянгардида доир намояд.

«Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2010 ҳамасола дар шаҳри Душанбе бахшида ба  Рӯзи пойтахт, ки он  шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, Ниммарафони байналмилалии  Душанбе баргузор мешавад. Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми баланд дошта,  ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил карда шудааст. Дар мусобиқаи мазкур ҳамасола беҳтарин варзишгарони қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд. Барои иштирок дар ин мусобиқа ҳар сол одатан варзишгарон  аз Россия, Беларус, Украина,  Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Иёлоти Муттаҳидаи Америка,  Канада, Франсия, Кения ва дигар  кишварҳои олам ба Душанбе  меоянд.

 

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2021 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад