Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

Апрель 7, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 07.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як силсила иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ шудаанд.

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд 07.04.2021

Апрель 7, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд