Дар доираи маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» беш аз 500 духтар бо либоси миллӣ аз маркази Бохтар гузаштанд

Апрель 22, 2021 15:17

БОХТАР, 22.04.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дар Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон 21 апрел маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. 

Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, дар маъракаи мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории аксия таблиғи фарҳанг ва либоси миллӣ миёни  ҷавонон ва наврасон мебошад.

Дар он зиёда аз 500 нафар духтарон аз синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни шаҳри Бохтар ширкат варзиданд.Дар доираи маърака духтарон бо либоси миллӣ аз назди бинои маъмурии Бохтар то майдони 70-солагии водии Вахш роҳ рафтанд.

Апрель 22, 2021 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст