ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҳисор майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва китобхона ба истифода дода шуданд

Апрель 1, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор  бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба фаъолияти як зумра  иншооти ҷашнӣ оғози расмӣ бахшида шуд.

Аз ҷумла, дар маркази деҳаи Кишоварзи ҷамоати номбурда  майдончаи варзишӣ бунёд ва бо иштироки шахсони муътабари деҳа дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар деҳаи Баракат бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолии деҳа бинои дуқабатаи хизматрасониро, ки дар ошёнаи якуми он  китобхона бо теъдоди беш аз 4200 нусха, сартарошхона, маркази ҳунаромӯзии бонувон ва утоқи корӣ барои раиси маҳалла ҷойгир шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳайати корӣ  ҳамчунин ба минтақаи сохтмони 16 синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 57 омада, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос гардид. Соҳибкорон ва сокинони деҳа азм доранд синфхонаҳоро дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода диҳанд.

Инчунин дар деҳаҳои Равшандилон, Чаманзор ва Меҳробод бо иштироки фаъолони ҷамоат ва деҳаҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва ашёи мавриди ниёзи рӯзгор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар  Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони ҳимматбаланд ва сокинони сарбаланди он бунёди 50 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 35 ададаш мавриди истифода қарор дода шудааст. Масъулин ният доранд, ки то баргузории ҷашни миллӣ илова ба нақшаи боқимонда боз якчанд иншооти иловагии таъйиноташон гуногунро мавриди истифода қарор дода, даҳҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин созанд.

Апрель 1, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд