Аз 9 то 11 апрел дар Алмаато Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 11 апрел дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи интихобии олимпии қораи Осиё баргузор мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Шероз Очилов (67кг), Ҳабиб Зуҳуров (77кг), Суҳроб Абдулҳаев (87кг), Мирзоамин Сафаров (97кг), аз намуди гӯштини бонувон Ватансултон Шакаршоева (53кг) ва аз гӯштини тарзи озод Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарифов (65кг), Ғуломҷон Шарипов (74кг), Баҳодур Қодиров (86кг) ва Искандари Рустам (125кг) ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафарбар гардидаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ин дуюмин мусобиқаи сатҳи баланди интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио мебошад. Дар ҳар категорияи вазнӣ иштирокчиёни финал соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ мегарданд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 нафар варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок мекунанд.
Ҷадвали қувваозмоиҳо
8 апрел
Қуръакашӣ
9 апрел
Гӯштингирони юнонӣ-римӣ (60кг, 67кг, 77кг, 87кг, 97кг, 130кг)
11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ
13:00-14:00 – нимфинал
14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш
18:00-21:00 – финал
10 апрел
Гӯштини бонувон (50кг, 53кг, 57кг, 62кг, 68кг, 76кг)
11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ
13:00-14:00 – нимфинал
14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш
18:00-21:00 – финал
11 апрел
Гӯштини тарзи озод (57кг, 65кг, 74кг, 86кг, 97кг, 125кг)
11:00-13:00 – марҳилаи муқаддамотӣ
13:00-14:00 – нимфинал
14:00-14:30 – қувваозмоиҳои тасаллобахш
18:00-21:00 – финал








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






