Бар асари афтидани мушак ба бинои маъмурии вилояти Кунари Афғонистон 14 нафар захмӣ шуданд

Апрель 27, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 27.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти маҳаллии вилояти Кунари Афғонистон гузориш доданд, ки як мушак ба бинои маъмурии вилоят бархӯрд ва дар натиҷаи таркиши он 14 нафар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон www.darivoa.com.

Азиз-ур-Раҳмон Сопӣ, сардори Раёсати тандурустии  вилояти Кунар, 26 апрел ба «Садои Амрико» гуфт, ки то ҳол 14 нафар маҷрӯҳон аз ҷои ҳодиса ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Ҷаноби Сопӣ афзуд, ки ҳамаи маҷрӯҳон ғайринизомиён буданд ва вазъи чаҳор нафари онҳо вазнин аст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти волии Кунар бо нашри як иттилоия гуфтааст, ки мушак замоне ба бинои маъмурии вилоят афтод, ки дар толори умумии он мусобиқаи қироати Қуръони карим сурат мегирифт.

Дар иттилоия омадааст, ки дар ин ҳодиса се қории Қуръон ва ду созмондиҳандаи мусобиқа низ маҷрӯҳ шуданд.

Дафтари матбуоти волии Кунар дар ин ҳодиса «Толибон» -ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) айбдор кардааст.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст ва «Толибон» дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Апрель 27, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд