Чаро парвози нахустини «ЮтЭйр» дар масири Душанбе-Москва сурат нагирифт?
ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми мусофироне, ки мебоист шаби 3 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати русии «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз мекарданд, имкон доранд бидуни ягон монеа 9 апрел тавассути ҳавопаймои «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз намоянд, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсисияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
Дар посух ба саволи он ки чаро парвози мунтазами нахустини «ЮтЭйр» дар масири Душанбе–Москва шаби 3 апрел ба таъхир афтод, Икром Субҳонзода гуфт, ки ин аз ҷониби Россия сурат гирифтааст. Сабабаш ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ворид нагардидани тағйирот доир ба оғози парвозҳои мунтазами ҳавоии Россия бо шаш давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка, мебошад, ки тибқи он бояд бо ин кишварҳо аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазам оғоз менамуд.
Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9 апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9 апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон ҷуброн мегардад.
Бояд як нуктаро таъкид сохт, ки дар парвози ҳавопаймои «ЮтЭйр», ки 9 апрел дар масири Душанбе –Москва анҷом дода мешавад, тамоми мусофирон, аз ҷумла онҳое низ,ки шаҳрвандии Россияро надоранд, ҳуқуқи парвоз кардан доранд, зеро ду ширкати ҳавоӣ — «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва «ЮтЭйр»-и Россия дар хатсайри Душанбе-Москва Душанбе ва Москва –Душанбе –Москва парвозҳои мунтазами ҳавоиро анҷом медиҳанд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






