Чаро парвози нахустини «ЮтЭйр» дар масири Душанбе-Москва сурат нагирифт?

Апрель 3, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 03.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми мусофироне, ки мебоист шаби 3 апрел тавассути ҳавопаймои ширкати русии  «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз мекарданд, имкон доранд бидуни ягон монеа    9 апрел тавассути ҳавопаймои «ЮтЭйр» аз Душанбе ба Москва парвоз намоянд, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсисияи граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Дар посух ба саволи он ки чаро парвози мунтазами нахустини «ЮтЭйр»  дар масири Душанбе–Москва шаби 3 апрел ба таъхир афтод, Икром Субҳонзода гуфт, ки ин  аз ҷониби Россия сурат гирифтааст. Сабабаш  ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия  ворид нагардидани тағйирот  доир ба оғози парвозҳои мунтазами ҳавоии Россия бо шаш давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия  ва Шри-Ланка, мебошад, ки тибқи он бояд бо ин кишварҳо аз 1 апрел Россия парвозҳои мунтазам оғоз менамуд.

Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9 апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9 апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон  ҷуброн мегардад.

Бояд як нуктаро таъкид сохт, ки дар парвози ҳавопаймои «ЮтЭйр», ки 9 апрел дар масири Душанбе –Москва анҷом дода мешавад, тамоми мусофирон, аз ҷумла онҳое низ,ки шаҳрвандии Россияро надоранд, ҳуқуқи парвоз кардан  доранд, зеро ду ширкати ҳавоӣ — «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ва «ЮтЭйр»-и Россия дар хатсайри Душанбе-Москва Душанбе ва Москва –Душанбе –Москва  парвозҳои мунтазами ҳавоиро анҷом медиҳанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Апрель 3, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд