Дар доираи «Global Money Week» ҷавонони Шаҳринав аз сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ воқиф гардиданд

Апрель 13, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар филиали №18-и ноҳияи Шаҳринав бо   иштироки муштариён, ҷавонон ва хонандагони мактабҳои миёна хамоиш доир намуд.

Маркази матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии бонк дар мавзӯъҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, бахусус пасандозҳои муҳлатноки амалкунандаи «Амонатбонк», тарзи дурусти истифодаи барномаи мобилии «Амонат мобайл» ва анҷом додани пардохти ғайринақдӣ тавассути барномаи мазкур, пешниҳоди қарзҳо ва хизматрасониҳо тариқи кортҳои пардохтӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Инчунин дар ҳамоиш оид  ба тарзи дурусти истифодаи маблағ, роҳҳои ба даст овардани фоида, манфиат аз кушодани пасандоз дар бонкҳо ва усулҳои пешрафти соҳибкорӣ табодули назар сурат гирифт.

Иштирокдорони ҳамоиш — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни пешниҳоди савол ба кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии «Амонатбонк» оид ба тарзу услуби кушодани пасандоз дар бонк ва манфиати он, қарзҳои аз ҷониби бонкҳо пешниҳодшуда ва фоизи онҳо, дастрас намудани корти миллӣ, истифодаи дурусти замимаи мобилии «Амонат мобайл» посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ташкили чунин ҳамоишҳо дар доираи ҳафтаи молиявӣ барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ доир ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳа заминаи мусоид мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии «Global Money Week» бо иқдоми «Child and Youth Finance International» дар тамоми дунё Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, дастрасии бештар ба маълумоти зарурӣ оид ба соҳаи бонкдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

Аксҳо аз «Амонатбонк»

Апрель 13, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1126 сомонӣ муқаррар шудааст
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд