Дар доираи «Global Money Week» ҷавонони Шаҳринав аз сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ воқиф гардиданд

Апрель 13, 2021 10:50

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи байналмиллалии молиявӣ Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар филиали №18-и ноҳияи Шаҳринав бо   иштироки муштариён, ҷавонон ва хонандагони мактабҳои миёна хамоиш доир намуд.

Маркази матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии бонк дар мавзӯъҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ, бахусус пасандозҳои муҳлатноки амалкунандаи «Амонатбонк», тарзи дурусти истифодаи барномаи мобилии «Амонат мобайл» ва анҷом додани пардохти ғайринақдӣ тавассути барномаи мазкур, пешниҳоди қарзҳо ва хизматрасониҳо тариқи кортҳои пардохтӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Инчунин дар ҳамоиш оид  ба тарзи дурусти истифодаи маблағ, роҳҳои ба даст овардани фоида, манфиат аз кушодани пасандоз дар бонкҳо ва усулҳои пешрафти соҳибкорӣ табодули назар сурат гирифт.

Иштирокдорони ҳамоиш — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зимни пешниҳоди савол ба кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии «Амонатбонк» оид ба тарзу услуби кушодани пасандоз дар бонк ва манфиати он, қарзҳои аз ҷониби бонкҳо пешниҳодшуда ва фоизи онҳо, дастрас намудани корти миллӣ, истифодаи дурусти замимаи мобилии «Амонат мобайл» посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ташкили чунин ҳамоишҳо дар доираи ҳафтаи молиявӣ барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз худ кардани маълумоти зарурӣ доир ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳа заминаи мусоид мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати байналмилалии «Global Money Week» бо иқдоми «Child and Youth Finance International» дар тамоми дунё Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо, дастрасии бештар ба маълумоти зарурӣ оид ба соҳаи бонкдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад.

Аксҳо аз «Амонатбонк»

Апрель 13, 2021 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030». Дар Бонки миллӣ амалишавии онро баррасӣ намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1182 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе татбиқи Барномаи кумаки техникии БАТР дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба танзими хавфҳои экологӣ оғоз ёфт
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.8266 то 11.9300 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти солонаи Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1196 то 0.1200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.9155 то 12.0000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1216 то 0.1225 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9515 то 10.9400 сомонӣ муқаррар шудааст
АВВАЛИН ДАР ТОҶИКИСТОН. «Бонки Эсхата» мақоми бонки тасдиқкунандаро гирифт
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1232 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9516 то 11.9400 сомонӣ муқаррар шудааст