Дар Душанбе масъалаи иҷрои Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон бо мусоидати Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва дастгирии техникии Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Пажӯҳишгоҳи соҳавии ғизо» (Федератсияи Россия) дар 2000 мактаб зиёда аз 410 ҳазор мактаббачагон бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, намак ва лӯбиёгиҳо барои омода намудани ғизои гарм ва солим таъмин карда шудаанд. Ин иқдом аз соли 1999 бо дастгирии Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ идома дошта, ба ҳисоби миёна 45,5%-и хонандагони синфҳои ибтидоии мамлакат бо ин маводи ғизоӣ мунтазам таъмин гардида истодаанд.
Дар ин хусус зимни ҷаласае, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷӯҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудааст.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Россия барои татбиқи лоиҳаи рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 маблағи 21,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 50 мактаби вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ гардида, инфрасохтор ва заминаи моддӣ-техникии ошхонаҳои мактабӣ беҳтар шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ соли 2015 «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2017 «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»-ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки айни замон татбиқи он дар мактабҳои пилотӣ идома дорад.








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






