Дар Левакант даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони шаҳри Левакант даври шаҳри Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»-ро бо баргузории барномаи фарҳангӣ, иборат аз намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои муосир, навозиши умумӣ, рақси якка, суради якка, навозиши якка, суруди анъанавӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ ҷамъбаст намуданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд, ҳайати ҳакамон ва меҳмонон тибқи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» аз намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар долони Қасри фарҳанги шаҳр дидан намуданд. Сипас намоиши ҳунармандони аҳли ҳунару фарҳанг пешниҳоди ҳакамон гардонида шуд.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории фестивал- озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, иқдоми хуб барои дарёфти чеҳраҳо бо диду нигоҳи нав мебошад.
Муҳтавои шеъру сурудҳои дастаҳои ҳунарӣ ба мавзӯъҳои истиқлоли давлатӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлол, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон равон гардида буд, ки аз ҷониби ҳакамон хуб пазируфта шуд.
Даври аввал ва дуюми озмун дар маҳалҳо бо салоҳдиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот ва ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, олимону адибон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг ва телевизиону радиои маҳаллӣ баргузор гардида, то 15 май ҷамъбаст, ғолибон муайян ва ба раёсати вилоятҳо пешниҳод мегарданд.
Даври сеюми (ҷамъбастии) фестивал — озмун нимаи якуми моҳи август бо иштироки ғолибони даври дуюм дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Аксҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






