Дар Левакант даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» ҷамъбаст шуд

Апрель 21, 2021 11:38

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони шаҳри Левакант даври шаҳри Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»-ро бо баргузории барномаи фарҳангӣ, иборат аз намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои муосир, навозиши умумӣ, рақси якка, суради якка, навозиши якка, суруди анъанавӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ ҷамъбаст намуданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд,  ҳайати ҳакамон ва меҳмонон тибқи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» аз намоиши гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар долони Қасри фарҳанги шаҳр дидан намуданд. Сипас намоиши ҳунармандони аҳли ҳунару фарҳанг пешниҳоди ҳакамон гардонида шуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории фестивал- озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, иқдоми хуб барои дарёфти чеҳраҳо бо диду нигоҳи нав мебошад.

Муҳтавои шеъру сурудҳои дастаҳои ҳунарӣ  ба мавзӯъҳои  истиқлоли давлатӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлол, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон равон гардида буд, ки аз ҷониби ҳакамон хуб пазируфта шуд.

Даври аввал ва дуюми озмун дар маҳалҳо бо салоҳдиди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо таъсиси кумитаҳои тадорукот ва ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, олимону адибон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг ва телевизиону радиои маҳаллӣ баргузор гардида, то 15 май  ҷамъбаст, ғолибон муайян ва ба раёсати вилоятҳо пешниҳод мегарданд.

Даври сеюми (ҷамъбастии) фестивал — озмун нимаи якуми моҳи август бо иштироки ғолибони даври дуюм дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Аксҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант

Апрель 21, 2021 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид