Дар маъракаи хуррамгардонӣ дар ноҳияи Ш.Шоҳин 2000 дона гули садбарг ва 5000 дона гулҳои мавсимӣ мешинонанд

Апрель 20, 2021 11:22

Ш.ШОҲИН, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани нақшаи  сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр  дар мавсими ниҳолшинонии  имсола 2100 бех арчаи ардаҷу  сарвиноз, 700 бех ниҳоли тут, 2000 дона гули садбарг ва  5000 дона гулҳои мавсимии ҳархела  вориди ноҳия ва дастраси ташкилот, муассиса ва ҷамоатҳои деҳот гардонида шуданд.

Бино ба иттилои  мудири бахши мазкур Ҷалолхон Абдуллозода, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз ҷониби  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия маъракаи ободонию хуррамгардонӣ идома дошта, масъулин дар роҳраву гулгаштҳо ба шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои гуногун машғул мебошанд.

Дар ноҳия дар мавсими тирамоҳи соли 2020  ва баҳори соли 2021  шинонидани 10500 бех  ниҳоли сояафкан, ороишӣ  ва ҳамешасабз  пешбинӣ шуда буд, ки  иҷрои он  имрӯз 10900 бехро  ташкил дода, ба 103  фоизи нақша баробар аст.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дошта, дар ин самт  аз ҳисоби  мутахассисону шахсони масъул  ситоди ноҳиявӣ ташкил гардидааст.

Апрель 20, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НИҲОЛШИНОНӢ ВА САБЗАЗОРКУНӢ. Дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар беш аз 1000 бех ниҳол шинонида шуд
НИҲОЛШИНОНӢ ВА САБЗАЗОРКУНӢ. Ба шаҳри Ваҳдат 1500 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар дастрас карда шуд
Дар Панҷакент дарахти павловния парвариш карда мешавад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Дар Истаравшан дар 7 гектар ниҳолҳои павловния шинонида шуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар раванди cабзазоркунӣ бояд аз растаниҳои маҳаллӣ бештар истифода намуд
Дар шаҳри Бӯстон беш аз 2 ҳазор бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд
Дар Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд