Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии «Баҳор» бунёд мегардад

Апрель 23, 2021 08:12

ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҳаллаи замонавии  «Баҳор» бунёд мегардад, ки дар ҳудуди он биноҳои  истиқоматӣ,  муассисаи томактабӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ  тибқи талаботи муосири меъморӣ сохта мешаванд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

«Лоиҳаи ангоравии сохтмони маҳаллаи мазкур тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, он дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» омода шудааст», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Нақшаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017 тасдиқ гардид.

Айни замон тибқи қарори мазкур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт нақшаи дурнамои вайронкунии биноҳои фарсуда, дар навбати аввал, биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра то соли 2025 амалӣ   намуда, сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва майдонҳоро мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи шаҳри Душанбе ба роҳ  мондааст.

Апрель 23, 2021 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад