Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишии «Сада» шинонида шуд

Апрель 21, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.

Тавре аз хадамот матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуда, беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишии «Сада» шинониданд.

Имрӯзҳо дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба сабзу хуррамгардонии муҳити атроф дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  корҳои ободонӣ ҷараён дошта, дар ҳудуди шаҳр,  кӯчаву хиёбонҳо, канори роҳҳои асосӣ ва саҳни ташкилоту идораҳо шинонидани дарахтони ороишиву мевадор ва сояафкан  идома доранд.

АКС аз сомонаи МИҲД вилояти Суғд

Апрель 21, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент дарахти павловния парвариш карда мешавад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Дар Истаравшан дар 7 гектар ниҳолҳои павловния шинонида шуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар раванди cабзазоркунӣ бояд аз растаниҳои маҳаллӣ бештар истифода намуд
Дар шаҳри Бӯстон беш аз 2 ҳазор бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд
Дар Душанбе дар мавсими ниҳолшинонӣ 4300 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шуд
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад