ИМРӮЗ- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН АСТ. Сарвари СММ барои якҷоя бо табиат зиндагӣ кардан даъват намуд

Апрель 22, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел — Рӯзи байналмилалии Модар — Замин аст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дар паёмаш ба ин муносибат ба қатъи истисмори бераҳмонаи захираҳои сайёра ва ҷанги худкушӣ бо табиат даъват кард. Вай таъкид кард, ки вақти фаъол кардани чораҳо ҷиҳати пешгирии гармшавии бошиддат ва ҳифзи гуногунии биологӣ фаро расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад.

«Мо бепарвоёна захираҳои Заминро исроф мекунем, ки боиси бемадоршавии табиат мегардад. Мо нисбат ба ҳаво, замин ва баҳрҳо ҳамчун ба партовгоҳ муносибат мекунем», — изҳор дошт Гутерриш. Вай илова кард, ки ин ҳама сабаби он гардид, ки экосистемаҳои муҳимтарин ба вартаи фалокат расидаанд.

«Чунин амалҳо шабеҳи худкушӣ мебошанд. Мо бояд ҷанги худро бо табиат қатъ кунем ва онро солим гардонем, — даъват кард сарвари СММ. Ба гуфтаи вай, имрӯз зарур аст, ки барои мубориза бо тағйирёбии иқлим тадбирҳои фаъол андешида шаванд, то нагузорем, ки ҳарорати сайёра аз 1,5 дараҷа зиёдтар баланд шавад.

Дабири кулли СММ бо исрор ба ҳифзи гуногунии биологӣ — нигоҳ доштани намудҳои нобудшавандаи олами наботот ва ҳайвонот, инчунин коҳиши миқёси ифлосшавӣ аз тариқи рушди устувор тавсия кард.

«Ин иқдомот имкон медиҳанд, ки хонаи ягонаи мо наҷот ёбад ва миллионҳо ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Барқароршавӣ аз пандемияи COVID-19 — ин имкониятест барои ба роҳи тозатар, экологӣ ва босубот баровардани ҷаҳон», — зикр шудааст дар паёми Гутерриш.

Дар рӯзи байналмилалии  Модар — Замин сарвари СММ барои якҷоя бо табиат зиндагӣ кардан даъват намуд.

                               ДАР АКС- Замин  радифи Suomi NPP. АКСИ НАСА

Апрель 22, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон