«Истиқлол» дар бозии даври шашум бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат мекунад

Апрель 29, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври   шашуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи АГМК-и Ӯзбекистон  рақобат мекунад.  Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ин пеш   дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар бозии даври панҷуми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А»   дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА-ро  бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда буд. Рақобати ин дастаҳо тезу тунд сурат гирифта, рақиб ҷониби дарвозаи мо ҳамлаҳои хатарнок равона мекард ва дарвозабони бомаҳорати  дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   Рустам Ятимов ба ҳамаи зарбаҳои рақиб монеа мешуд. Сабқат ба нуқтаи ниҳоии худ наздик шуда, довар ба бозӣ 5 дақиқа илова намуд. Бозингарони тоҷик бо ёрии капитани даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 гол ба нишон расонида, дили тамоми мухлисон ва мардуми тоҷикро шод намуданд.

Акнун баъди ин пирӯзӣ арабҳо бори дигар боварӣ ҳосил карданд, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҳақиқат ба ин рақобат омодагии ҷиддӣ дидааст. Ҳамин тавр дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баъди 5 даври рақобатҳо бо касби 10 холи тиллоӣ дар зинаи аввали гурӯҳи «А» қарор дорад.

Бозии дигари гурӯҳи мазкур байни ду даста-   «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон  бо натиҷаи 3:0 ба суди мизбони ин мусобиқа поён ёфт. Ҳамин тавр, ҳунарнамоӣ барои дастаи АГМК-и Ӯзбекистон  ва дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар ин мусобиқаи бузург хотима ёфт.

Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А»

Даври 5-ум

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 90+7.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).
24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Ӯзбекистон) – 3:1

Лигаи  чемпионҳои Осиё (даври 3-юм)

«Ал-Ҳилол» -«Истиқлол» 3:1 (1:1)

Голҳо: Булайҳӣ ’39, Ҳаннонов ’41, Баҳебрӣ ’52,’64

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 2-юм давр

АГМК (Ӯзбекистон) – «Истиқлол»-и Тоҷикистон – 2:3
Голҳо: Йован Ҷокич, 45+1 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 54 (0:2). Зафар Полвонов, 57 (1:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (1:3). Зафар Полвонов, 90+1 (2:3).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Ваҳдат Ханонов, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Аҳтам Назаров, 90+3), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 90+3), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

18 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Лигаи чемпионҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

 «Ал-Ҳилол» (А. Саудӣ) – АГМК (Ӯзбекистон) – 2:2

     Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон)  5  3  1  1 9-6  10
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    5  3  1  1  11-7  10
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  5  1  1  3  4-5  4
4 АГМК (Ӯзбекистон)  5  1  1 3  7-9  4
Апрель 29, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад