Конфронс оид ба ҳалли мусолиҳатомез дар Афғонистон, ки бояд дар Туркия баргузор мегардид, ба таъхир гузошта шуд

Апрель 21, 2021 08:22

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфронс оид ба Афғонистон, ки мебоист 24 апрел дар Истанбул оғоз гардад, ба санаи дертар гузошта шуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД аз Истанбул хабар медиҳад, дар ин бора шоми дирӯз Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд ЧОВУШОҒЛУ иброз дошт.

«Шоми имрӯз бо Вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдулраҳмон Ал Танӣ суҳбат доштам, тасмим гирифтем, ки онро [конфронсро] ба давраи то пас аз моҳи барои мусулмонон шарифи Рамазон мавқуф гузорем (имсол моҳ 13 май ба поён мерасад.тавз. АМИТ «Ховар»). Дар маросими ифтитоҳи конфронс президент [Тайиб Эрдуғон] суханронӣ мекунад. Дар он намояндагони 21 кишвар ва се созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард», — гуфт вазир дар пахши шабакаи телевизионии «Haber Turk».

Дар нақша буд, ки Конфронс оид ба ҳалли мусолиҳатомез аз 24 апрел то 4 май дар Истанбул баргузор шавад. Тахмин меравад, ки дар ҷараёни муҳокима дар доираи конфронс лоиҳаи харитаи роҳ барои мусолиҳаи тарафҳои даргири Афғонистон таҳия карда шавад.

Барои ширкат дар ин конфронс намояндагони Афғонистон ва ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), намояндагони беш аз 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ даъват шудаанд. Дар навбати худ, Толибон рад кардани ширкат дар ин нишастро эълон карданд, то даме ки неруҳои хориҷӣ кишварро тарк накунанд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии дафтари сиёсии ин ҳаракат дар Қатар Муҳаммад Наим, «Толибон» аз Вашингтон талаб доранд, ки уҳдадориҳои худро дар бораи хуруҷи неруҳои ИМА аз Афғонистон то 1 майи соли 2021, ки як сол пеш тибқи созишномаи Доҳа ба зимма гирифта буд, иҷро кунад.

Рӯзи сешанбе шабакаи телевизионии Қатар Ал-Ҷазира бо истинод ба манбаъ гуфт, ки конфронс бо сабаби рад кардани Толибон аз ширкат дар он ба санаи дертар мавқуф гузошта шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Туркия қаблан гуфта буд, «ҳадафи асосии Конфронси Истанбул оид ба раванди сулҳи Афғонистон суръат бахшидан ва пурра кардани музокироти давомдори дохили Афғонистон дар Доҳа мебошад, ки ба ноил шудан ба созишномаи одилона ва пойдори сиёсӣ равона гардидааст».

Ин дуввумин таъхири оғози конфронс дар Истанбул аст. Ифтитоҳи он аслан дар нақша буд, ки 16 апрел баргузор шавад.

АКС: скриншоти муаллиф

Апрель 21, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд