Лоиқ Раҷабов бо ҳарифи нав муҳориба хоҳад кард: Ҷонни Кейс ҳабс шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарифи варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов, ки дар лигаи PFL-и Амрико баромад мекунад, ғайри чашмдошт иваз шуд. Муҳорибаи варзишгари тоҷик ва амрикоӣ Ҷонни Кейс бояд 21 апрел баргузор мешуд. Аммо намояндаи ИМА барои хушунати хонаводагӣ боздошт ва дар иёлати Невада маҳбус аст.
Ҷузъиёти ин воқеа ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки ҷабрдида духтари дӯстдоштаи варзишгар будааст ва ӯ низ варзишгари муҳорибаҳои омехта мебошад.
Намояндагони мусобиқа таъҷилан ба ивази Кейс, ки аз саф хориҷ шуд, каси дигарро ёфтанд.
Муҳорибаи Раҷабов ба 23 апрел гузаронида шуд, рақиби ӯ Алекс Мартинеси то ҳол мағлубнашуда аз Парагвай хоҳад буд.
Мартинес — бидуни бохт дар 7 муҳориба ғалаба кардааст. Омори Раҷабов низ бад нест: 17 муҳориба: 14 ғалаба.
Чорабинӣ дар Ocean Casino Resort Atlantic City ва дар вақти мувофиқ дар ИМА баргузор ва дар зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон мустақиман пахш хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов дар байни сокинони Тоҷикистон бо баромадҳои муваффақонаи худ дар лигаи PFL -и Амрико, ки дар мавсими гузашта ба финал баромада буд, машҳур шуд. Дарвоқеъ, ғолиби ин мусобиқа 1 млн. доллар ба даст овард. Пеш аз ин, Лоиқ дар мусобиқаҳои гуногуни муҳорибаҳои омехта дар Германия, ки 4 соли охир дар он ҷо сукунат дошт, баромад мекард.
Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи N77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.
Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчид ва дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаи тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.
То имрӯз Раҷабов дар 17 муҳориба ширкат карда, 14 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт дорад.
Аксҳо аз манбаъҳои озод









Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад






