ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад

Апрель 5, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 05.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дарfdj Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 1  дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоиҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ва пуршиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ва пуршиддат дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6  дараҷа гарм ва рӯзона  4+9  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  6+8 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 5, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад