Ғолибони нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 24 апрел маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Дар он дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Дастаи хонандагони ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат лоиқи ҷойи сеюм гардиданд. Зимни чорабинӣ инчунин омӯзгорон ва хонандагоне, ки дар ҷараёни олимпиада лоиҳаҳои беҳтарини эҷодиро пешниҳод намуданд, ҳавасманд гардонида шуданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида, баргузории он таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад.
Дар маросими ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони сохторҳои марбута ширкат намуда, нахуст аз дастоварду лоиҳаҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дидан намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки барои баргузории олимпидаи мазкур ҳоло дар пойтахт тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус дар муассисаҳои таълимии нав бунёдгардида синфҳонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо бо таҷҳизоти лозимаи таълимии дуредгариву челонгарӣ ва ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
-Олимпиадаи мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунонии насли наврас роҳандозӣ гардид, — афзуд Мавсума Муинӣ.
Дар фарҷоми маросими мазкур барномаи фарҳангии омоданамудаи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз 8 то 10 апрели соли равон баргузор гардида буд.


















Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






