Ғолибони нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология муайян шуданд

Апрель 26, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 26.04.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 24 апрел маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли нахустин Олимпиадаи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Дар он дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Дастаи хонандагони  ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ  сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат лоиқи  ҷойи сеюм гардиданд. Зимни   чорабинӣ инчунин омӯзгорон ва  хонандагоне, ки дар ҷараёни  олимпиада лоиҳаҳои беҳтарини эҷодиро пешниҳод намуданд, ҳавасманд гардонида шуданд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида, баргузории он таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад.

Дар маросими ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони сохторҳои марбута ширкат намуда, нахуст аз дастоварду лоиҳаҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  дидан намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр  намуд, ки барои баргузории олимпидаи мазкур ҳоло дар пойтахт тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус дар муассисаҳои таълимии нав бунёдгардида синфҳонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо бо таҷҳизоти лозимаи таълимии дуредгариву челонгарӣ ва ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

-Олимпиадаи мазкур бо мақсади  дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунонии насли наврас роҳандозӣ гардид, — афзуд Мавсума Муинӣ.

Дар фарҷоми маросими мазкур барномаи фарҳангии омоданамудаи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур байни  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз 8 то 10 апрели соли равон  баргузор гардида буд.

Апрель 26, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад