Роҳбари САҲА ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 12.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде ба ҳайси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид мекунад, иттилоъ дода шудааст дар изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии шоҳигарӣ. Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ӯ рӯзи чоршанбеи 14 апрел ба Душанбе ташриф меорад.
Дар ҷараёни сафари худ роҳбари САҲА бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот мекунад.
Илова бар ин, мулоқоти Анн Линде бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре дар сомонаи САҲА хабар дода шудааст, роҳбари САҲА дар ҷараёни сафари худ ба Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид мекунад. Сафари вай ба Туркманистон ба нақша гирифта нашудааст, аммо дар бораи сабаби он хабар дода нашудааст. Намояндаи САҲА ба ҷои мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳамтои туркманаш аз тариқи иртиботи видеоӣ суҳбат хоҳад кард.
Сафари вазири корҳои хориҷии Шветсия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 11 то 15 апрел сурат мегирад. Ҳукуматдорони Ӯзбекистон ӯро 13-14 апрел интизоранд.
Мавзӯи гуфтушунидҳо густариши ҳамкории САҲА ҳамчун созмон ва давлатҳои иштирокчии он дар Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» пештар хабар дода буд, аз 1 январи соли гузашта дар Тоҷикистон лоиҳаи нави таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз ёфт, ки арзиши умумии он 3,3 миллион евроро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз сарҳадчиён, дар доираи лоиҳа кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ омӯзиш хоҳанд гирифт. Онҳо малакаи худро дар вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ такмил хоҳанд дод. Як қисми ин маблағ ба тармими марказҳои таълимии Тоҷикистон равона мешавад.
АКС: government.se








Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид






