Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» таҳти унвони «Тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузориҳои устувор ва рушди сайёҳӣ дар иқтисоди муосир» Форуми иқтисодии Берлин 2026 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов дар форум оид ба аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имконияти табиию фарҳангии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ сухан гуфт. Дар ҷараёни форум ба иштирокчиён иқтидору имконоти соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳими рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда шуд.
Чорабиниро директори иҷроия ва муассиси Академияи дипломатияи фарҳангӣ Марк Донфрид раисӣ намуд. Намоишгоҳи «ITB Berlin», ки ҳамасола баргузор мешавад, яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад.
Ёдовар мешавем, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфуз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат таъмин гардида, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳамоҳангсози фаъолияти ҳайати Тоҷикистон буд.
Дар доираи намоишгоҳ имконоти сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик ба таври васеъ муаррифӣ карда шуданд.
АКС: Институти дипломатияи фарҳангӣ / Эстебан Бланшарт













Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид






