Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Қазон бо сарвазирони Россия Михаил Мишустин ва Беларус Роман Головченко мулоқот намуд

Апрель 29, 2021 21:44

ДУШАНБЕ, 29.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия рафт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қазон Сарвазири мамлакатро Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазир, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин мулоқот намуд.

Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноат, энергетика, шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, гумрук, сармоягузорӣ ва кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 гардиши молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соли 2020 973,6 миллион долларро ташкил намуд.

Ҳамчунин таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равнақ бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои афзалиятнок зарур шуморида шуд.

Дар идома Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Роман Головченко мулоқот кард.

Дар мулоқот масъалаҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Душанбе-Минск, содироту воридоти маҳсулоти гуногуни ниёзи аввал ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Апрель 29, 2021 21:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст