Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»

Октябрь 27, 2026 14:50

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патронеро ба ҳузур пазируфтанд, иттилоъ  медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Пас аз мулоқот бо иштироки Маттео Патроне нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни нишасти матбуотӣ  Маттео Патроне  гуфт, ки  «дар мулоқот бо Президенти  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварро баррасӣ намудем. Ҳамкории имрӯза дар сатҳи хуб қарор дошта,  оянда омода ҳастем барои дастгирии соҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ, лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намоем».

Иттилоъ дода шуд, ки  Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз лаҳзаи аввали татбиқи лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 1,1 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст. Ҳаҷми маблағе, ки барои марҳилаи навбатӣ ҷудо мегардад беш аз 500 миллион евро мебошад.

«Ҳол мо  зиёда аз 1000 ширкати хусусии Тоҷикистонро бо хизматрасониҳои машваратӣ дастгирӣ намудем ва  ҳадаф дорем, ки ин ҳамкориро боз ҳам идома диҳем», -изҳор дошт  Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд.

Маттео Патроне афзуд, ки яке аз самтҳои  дигар, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, ин  рушди  инфрасохтори устувор, яъне энергетика, пайвастагӣ тавассути бунёди роҳҳои баландсифат, масоили обу корез ва оби полезӣ барои кишоварзӣ мебошад.

«Имрӯз мо Ёддошти тафоҳумро аз рӯи ду лоиҳаи нав ба имзо хоҳем расонид. Барномаи дастгирии таъмин намудани оби нӯшокӣ ва обу корез дар шаҳри Кӯлоб, ки тавассути ин лоиҳа  12 ҳазор нафар аҳолӣ ба оби тоза дастрасӣ пайдо менамоянд. Инчунин лоиҳаи дигар роҳи мошингарди Балҷувон ва Сари Хосор мебошад»,-илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ ду лоиҳаи нав — марҳилаи дуюми шабакаҳои тақсимоти барқ ва паст кардани талафоти нерӯ ва лоиҳаи кумак ба манотиқи деҳот низ дастгирӣ карда мешавад.

«Ҳамзамон  қадамҳои рушди устуворро дар охири соли 2026 ва аввали соли 2027 гузошта мешаванд. Соли 2027 якчанд лоиҳаи муҳимро барои Тоҷикистон ба нақша гирифтаем, ки он ҳам бахши хусусӣ ва ҳам давлатиро фаро мегирад. Аз ҷумла,  идора кардани обҳои партов дар шаҳри Хуҷанд, навсозии системаи иригатсионӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии таҷдиди роҳи  Ваҳдат-Роғун пешбинӣ шудааст», -афзуд Маттео Патроне.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2026 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд