Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода аз Котиботи қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» боздид намуда, бо Дабири кулли қолаб Сун Вэйдун мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи қолаб, инчунин раванди омодагӣ ба ҷаласаи ҳафтуми Шурои вазирони корҳои хориҷии қолаб дар соли 2026 ва Саммити сеюми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Чин»-ро, ки соли 2027 дар Чин баргузор мегардад, баррасӣ намуданд.
Фаррух Шарифзода нақши қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин»-ро дар рушди ҳамкории минтақавӣ ва тавсеаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин муҳим арзёбӣ намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Котибот ва мусоидат ба омодагии чорабиниҳои дарпешистода таъкид кард.
Сун Вэйдун иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар фаъолияти қолаб таъкид намуда, омодагии Котиботро барои нигоҳ доштани робитаҳои зич бо ҷониби Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии талошҳо ҷиҳати омодагии муваффақонаи чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи вазирон ва сарони давлатҳо изҳор дошт.
Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои рушди минбаъдаи қолаб ва фаъолияти Котибот табодули афкор намуда, ҳавасмандии муштараки худро ба таҳкими ҳамкорӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳои нави амалӣ изҳор доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






