Суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Апрель 29, 2021 21:55

ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 апрел бо ташаббуси Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин суҳбатӣ телефонӣ доир шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуд. Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон, тадбирҳои андешидашуда оид ба оташбас ва созишнома дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ иттилоъ дод.

Намояндаи махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ аз қарори оқилонаи роҳбарияти Тоҷикистон дар бораи ба даст овардани созиш бо давлати ҳамсоя дар бораи оташбас истиқбол кард ва омодагии ИА-ро барои дастгирии техникӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар марз иброз дошт.

АКС аз ВКХ ҶТ

Апрель 29, 2021 21:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид