СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Норак аз масофаи 9 ҳазор метр қубури об гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак лоиҳаи обёрии оби нӯшокӣ ва полезӣ амалӣ шуда, аз масофаи 9 ҳазор метр, аз нақби Хатлон то деҳаи Найизирак қубури об гузаронида мешавад.
Ин иқдоми наҷиб имкон фароҳам меоварад, ки 7 ҳазор бех ниҳолҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Кулоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо оби полезӣ ва сокинони 38 хоҷагии деҳаи Найизирак, инчунин хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Баҳри ҳарчи тезтар амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур аҳолӣ, кормандони корхонаю муассисаҳои шаҳр дастаҷамъона ба ҳашар баромада, корҳои ободониро анҷом дода истодаанд.