ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 апрел, шанбе, 100-умин рӯзи соли 2021 аст

Апрель 10, 2021 08:00

10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.

***

10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфтанд.

10 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.

***

Дар Озарбойҷон- рӯзи сохтмончиён.

РӮЙДОДҲО:

10 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 дар Самарқанд аввалин шумораи маҷалла бо забони тоҷикӣ- «Шуълаи инқилоб» ба нашр расид.

***

10 апрели соли 1930-  оғози радиошунавонӣ дар шаҳри Душанбе.

***

6 сол қабл, 10 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо мири шаҳри вилояти Кёнсан-Пукто Кимом Кваном Йонго мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар дод, ки Вазири вақти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар иҷлосияи 30-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе (МГРИ-РГГРУ)  конфронси XII илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тарҳҳои нав дар бораи Замин» баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

***

Соли 1833 бори нахуст истеҳсоли гӯгирд оғоз гардид.

Апрель 10, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст