Тоҷикистон ва БАТР Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»-ро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 11,1 млн доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова ба имзо расониданд.
Лоиҳа дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он корҳои таҷдиду навсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст, насби ҳисобкунакҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти ба он алоқаманд, инчунин сохтмону барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 110 кВ пешбинӣ карда шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз нимаи дуюми соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.
Ҳадаф аз амалӣ гардидани лоиҳа муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёри қувваи гармии интиқолшаванда дар миқёси шаҳри Душанбе, камхарҷ намудани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ, коҳиш ёфтани миқдори садамаҳо дар шабакаҳо ва ба ин васила баланд бардоштани даромаднокии он мебошад.








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






