«Усто Набот» ва «Сангчашма» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд

Апрель 11, 2021 09:24

ДУШАНБЕ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду ширкати нави сайёҳӣ- «Усто Набот» ва «Сангчашма» дар шаҳри Ҳисор вориди бозори туристии Тоҷикистон гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ба ин ду ширкати сайёҳии навтаъсис дар доираи баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Имконияти рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор», ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо ҷалби субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ доир гардид, иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шуд. Ҳадафи таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар арзёбӣ мегардад.

Дар ҳамоиш, ки бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб ёфта, дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръат ва устувор рушд намуда, дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.Аз ин рӯ, татбиқи идоракунии самараноки сиёсати давлатии соҳа аз ҷумлаи афзалияти муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар ин ҷода маҳз бо дастгириву ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки ба рушди устувори соҳа замина гузоштааст. Айни замон мо метавонем ҳама гуна сайёҳонро дар сатҳи барои онҳо муносиб қабул карда, ба онҳо хизмат расонем. Яке аз монеаҳое, ки то имрўз вуҷуд дорад, ин ҳамкории нокифоя байни ширкатҳои сайёҳӣ ва иншооти инфрасохторӣ дар маҳал аст.

Аз ҷониби Кумита ташкили сафари роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ба минтақаҳо ва гузаронидани ҳамоишу мизҳои мудаввар бо мақсади ба роҳ мондани ҳамроҳии зич ва дар ин замина шинос шудан бо иншооти нави хизматрасонӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамоиш масъалаҳои тайёр намудани роҳбаладони касбӣ, зимни муаррифии мавзеъҳо такя намудан ба маълумоти аз ҷиҳати илмӣ асоснок, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ, ташаккули фарҳанги сайёҳӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин масъулини мақомот ва роҳбарони субъектҳои хизматрасонӣ вобаста ба имконияти мусоиди ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Ҳисор, иқтидорҳои табиӣ, экологӣ, аграрӣ ва таърихию фарҳангии шаҳр ҳамчун омили рушди туризми экологию аграрӣ, фарҳангию этнографӣ ва имконоти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд. Иштирокдорони ҳамоиш аз бархе хатсайрҳои сайёҳӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон, аз ҷумла Маҷмааи хизматрасонии фароғатии «Шаршара», осоишгоҳи «Сангчашма» ва меҳмонхонаи «Усто Набот» боздид намуда, бо сатҳи хизматрасонии онҳо шинос гардиданд.

Аксҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 11, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси 4-уми байналмилалӣ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо мекунанд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд