Вакилони Маҷлиси намояндагон ва Сафири Япония дар Тоҷикистон ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд

Апрель 22, 2021 13:33

ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Парлумони касбии мамлакат,  узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония Шариф Ҳакимзода,  Саидмурод Фаттоҳзода,  Лутфия Абдулхолиқзода,  Гулбаҳор Назирӣ ва Парвина Маликзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот намуданд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мулоқот раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония Шариф Ҳакимзода таъкид намуд, ки  дар ташаккул ва равнақи муносибатҳои дипломатӣ таваҷҷуҳу эътимод ва  азму сафарҳои расмию давлатӣ ва кории роҳбарони кишварҳо нақши бузургу аввалиндараҷа дорад.

Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон- ин боздидҳои корӣ ва расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Япония 3-5 октябри соли 2018 мебошад. Сафари мазкур сабаби таҳрики нав дар  рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония гардид.

Дар пояи ин сафару нишастҳои сатҳи баланд, ки заминаҳои муҳиму боэътимоди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва рушди ҳамкориро дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба вуҷуд овардаанд, сафарҳои расмию кории ниҳодҳои давлатии кишварҳоямон арзи ҳастӣ карданд. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро 58 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2019 беш аз 68 млн. доллари ИМА ва давоми январ-майи соли 2020 19,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест, зеро дар кишварҳо, алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираву имконияти зиёде вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди босубот ва равнақи бамаротиб бештари иқтисодии кишварҳоямон мусоидат кунанд.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки  ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи маориф  аз соли 1993 рушд менамояд. Зиёда аз 2250 нафар намояндагони тахассусҳои ҷумҳурӣ то ба ин рӯз дар даврои омӯзишӣ дар Япония иштирок карданд. Махсусан «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 инҷониб намунаи беҳтарини ҳамкорӣ байни кишварҳои мост.

2 октябри соли 2020 маросими имзои Ёддошти табодулӣ дар доираи Барномаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» (JDS) дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Такаюкӣ Мияшита сурат гирифт, ки санади муҳими созанда барои ҷонибҳо маҳсуб меёбад.

Тибқи Ёддошти мазкур, 15 нафар хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки тавассути ин Барнома дар Япония ба давраҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Фаъолияти якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистон ва Япония– «Аввалин» дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки Ширкати саҳомии японии «Кокӣ» таъсис ёфтааст, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ саҳми назаррас мегузорад.

Самаранокии муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз бисёр ҷиҳат ба парламентҳо ва муносибатҳои байнипарламентӣ вобастагӣ дорад.

Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония соли 2008 таъсис ёфта, доираи муносиботи худро батадриҷ тавсеа дода истодаанд. Замони муосир собит месозад, ки тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ омили муҳими равнақи муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ ба шумор меравад.

Ин омил метавонад бо табодули таҷриба ва андешаҳои созанда дар доираи густариш додани ҳамкорӣ дар самти қонунофарӣ уфуқҳои наву муосири рушди муносибатҳои дуҷонибаро пайдо карда, дар равнақи босуботи иқтисоди миллии ҷонибҳо ҳиссаи босазо гузоранд.

Умед дорем, ки алоқаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония минбаъд низ дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии ҳарду кишвар ва густариш ёфтани алоқаҳои байниминтақавӣ нақши муҳим мебозанд.

Мулоқот дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва созандагӣ ҷараён гирифт.

 АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Апрель 22, 2021 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «18 нафар занон ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар ба маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуданд»
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оғоз гардид
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Женева сафар намуд
Дар Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Таъмини сулҳу субот ва зиндагии осоишта дар саросари ҷаҳон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад»
Мушоҳидони ИДМ бо комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботии шаҳри Душанбе №2 ва Файзобод №11 шинос шуданд
Дар Боку ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор мешавад
Ҳайати парламенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуд