Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Москва иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 / АМИТ «Ховар» /. Имрӯз, 2 апрел дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи Иттиҳод муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор анҷом доданд.
С. Муҳриддин зимни суханронӣ муносибатҳои шарикии созандаро, ки байни давлатҳои аъзои ИДМ дар асоси принсипҳои эътимод ва эҳтироми тарафайн ба вуҷуд омадаанд, зикр намудрд. Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон самтҳо ва вазифаҳои афзалиятнокеро, ки раёсати Беларус дар ИДМ пешниҳод кардааст, дастгирӣ мекунад.
С. Муҳриддин диққати иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоте, ки кишварҳои узви Иттиҳод бо сабаби пандемияи коронавируси нав дучор омадаанд, ҷалб намуд. Дар ин замина, зарурати ҳамкории зич оид ба фарқияти омилҳои ноустувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар, таҳияи якҷояи равишҳои нав ва ғайристандартӣ зикр карда шуд.
Дар заминаи баррасии масъалаҳои амният, вазир оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи амалии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси феҳристи ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ мамнӯъ сухан гуфт.
С. Муҳриддин гуфт, ки Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмиқи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ доимо аҳамияти калон медиҳад. Вобаста ба ин, ба маълумоти иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд, ки 21 марти соли равон дар Тоҷикистон маросими ботантанаи оғози татбиқи барномаи байнидавлатии пойтахти фарҳангӣ «Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021» баргузор гардид. Зикр гардид, ки Нақшаи чорабиниҳо дар Душанбе баргузории зиёда аз 30 чорабинии рангин ва гуногуни фарҳангию гуманитариро пешбинӣ мекунад.
Зимни ҷаласа вазирон ҷараёни татбиқи Барномаи амалро оид ба густариши шарикӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2020 ва татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар доираи ИДМ барои соли 2020 баррасӣ карданд. Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Муроҷиати Сарони давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба халқҳои кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мувофиқа карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд






