Вазорати корҳои дохилии Афғонистон эътирофоти 10 гумонбари ҳамлаҳои ҳадафмандонаро расонаӣ кард

Апрель 9, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 09.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати умури дохилии Афғонистон эътирофоти 10 тан боздоштшударо, ки дар кушторҳои ҳадафмандона, аз қабили террори Ямо Сиёваш, корманди телевизиони «TOLO» ва Муҳаммадзай Кӯчӣ, сардори ҳавзаи панҷуми амниятӣ даст доштанд, эълон кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Тибқи эътирофҳо, имоми масҷид, муаллим ва чанд донишомӯзи як мадраса аъзои ин гурӯҳ ҳастанд ва дар ташкил ва татбиқи таркишҳо ва террори низомиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон муттаҳам мешаванд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам теъдоде аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ боздошт нашудааст.

Онҳо дар вилоятҳои Кобул, Лӯгар ва Лағмон бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаҳои ҳадафманди террористӣ ба рӯзноманигорон ва кормандони давлатӣ боздошт шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ эълон кардааст, Абдул Сабур, сокини вилояти Лӯгар ин гурӯҳро роҳбарӣ мекард ва террори Ямо Сиёваш ва сардори ноҳияи панҷуми Кобул кори ҷангҷӯёни ин гурӯҳ аст.

Сабур эътироф кардааст, ки: «Дар ташкили 14 таркиш ва панҷ террор дар Кобул, аз ҷумла куштори  Ямо Сиёваш ва сардори ноҳияи панҷуми Кобул даст доштааст».

Абдулраҳмон, саркардаи дигари ин гурӯҳ, ки имоми масҷид ва омӯзгори мадраса буд, эътироф кардааст, ки ҷавононро барои анҷоми амалиётҳои ҳадафманди террористӣ ва таркишҳо интихоб ва тайёр мекард ва инчунин ба нигоҳдорӣ ва тақсимоти силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи тарканда машғул буд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки чанд моҳ қабл як нафар дар робита бо куштори Ямо Сиёваш боздошт шуда буд ва бар асоси эътирофоти ӯ, ин даҳ нафар дастгир шуданд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Ториқ Орин дар ин робита чунин гуфт: «Инҳо «Толибон» (манӯъ дар Тоҷикистон) ҳастанд, гарчанде ки онҳо мустақиман масъулиятро ба дӯш намегиранд, аммо ин кори «Толибон» аст».

Апрель 9, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд