1 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ассамблеяи парлумонии СААД баргузор мешавад

Май 18, 2021 11:22

ДУШАНБЕ, 18.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 июл дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз раиси Думаи давлатӣ, раиси АП СААД Вячеслав Володин хабар додааст.

«Маълум аст, ки пандемия осори худро мегузорад. Ҳоло ин тадриҷан паси сар мешавад. Бинобар ин, умедворам, ки дар ояндаи наздик мо аллакай дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД, ки 1 июл баргузор мешавад, мулоқот хоҳем кард», — иқтибос овардааст суханони Володинро сомонаи  Думаи Давлатии Федератсияи Россия.

Тавре ки дар сомонаи АП СААД зикр карда шудааст, баргузории ҷаласаи Шӯрои ташкилот дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Шӯрои АП СААД фаъолияти ассамблеяро ташкил мекунад ва аз роҳбарони парлумонҳои (роҳбарони палатаҳои парлумонҳо) Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон иборат аст. Дар ҳоли ҳозир раёсати АП СААД ба дӯши раиси Думаи давлатӣ вогузор шудааст.

Пештар АМИТ «Ховар» дар бораи гуфтугӯи телефонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералӣ Вячеслав Володин, ки 25 ноябри соли 2020 баргузор гардид, хабар дода буд. Он замон ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро муҳокима карда буданд. Дар ҷараёни суҳбат Роҳбари Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Вячеслав Володинро ба Тоҷикистон даъват кард. Инчунин эҳтимоли баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД дар Душанбе дар соли 2021 яке аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Май 18, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид