Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табии зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.Тибқи маълумоти пешакӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Мӯъминободи вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел манзилҳои истиқоматӣ, хатҳои барқ ва роҳу купрукҳо зарар дидаанд. Мутаасифона талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.








Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






