Ба 70 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Стипендияи Раиси вилояти Хатлон дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 70 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон мушарраф гардиданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, донишҷӯёни мазкур ҳар моҳ ба андозаи 200 сомонӣ бо стипендия таъмин мегарданд.
Барои стипендия аз буҷаи вилоят 168 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки стипендияи Раиси вилояти Хатлон ҳамасола ба хонандагоне дода мешавад, ки дар олимпиадаҳо иштироки фаъолона доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






