БАШОР АСАД БОЗ ПРЕЗИДЕНТИ СУРИЯ ИНТИХОБ ШУД. Димишқ пирӯзии ӯро бо мушакпаронӣ ва сайругашти густурда таҷлил намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Сурия, ки сарвари феълии ин кишвар Башор Асад пирӯз шуд, бо сайругашти густардаи мардумӣ сурат гирифт. Одамон ҳатто пеш аз эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ ба майдони Умайя омаданро шурӯъ карданд ва амалан ҳама дар даст парчами Сурия ё акси Асад доштанд, — хабар медиҳад ТАСС.
Дар майдон саҳна ва якчанд экран насб шуда буд, ки дар онҳо чорабиниҳо пахш мешуданд. Аз баландгӯякҳо мусиқии миллӣ садо медод. Дар атрофи майдон мушакҳо паронида мешуданд.
Тахминан соати 23:30 (01:30 ба вақти Душанбе) дар экранҳо раиси Шӯрои Мардумии (парлумони) Сурия Ҳаммуд Сабоҳ зоҳир шуд ва эълом дошт, ки президенти амалкунандаро 95,1% овоздиҳандагон дастгирӣ кардаанд. Издиҳом ба додани шиорҳои «Аллоҳ, Сурия, Башор» шурӯъ кард ва мушакпаронии идона сурат гирифт.
АКС аз AFP








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






