БАШОР АСАД БОЗ ПРЕЗИДЕНТИ СУРИЯ ИНТИХОБ ШУД. Димишқ пирӯзии ӯро бо мушакпаронӣ ва сайругашти густурда таҷлил намуд

Май 28, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Сурия, ки сарвари феълии ин кишвар Башор Асад пирӯз шуд, бо сайругашти густардаи мардумӣ сурат гирифт. Одамон ҳатто пеш аз эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ ба майдони Умайя омаданро шурӯъ карданд ва амалан ҳама дар даст парчами Сурия ё акси Асад доштанд, — хабар медиҳад ТАСС.

Дар майдон саҳна ва якчанд экран насб шуда буд, ки дар онҳо чорабиниҳо пахш мешуданд. Аз баландгӯякҳо мусиқии миллӣ садо медод. Дар атрофи майдон мушакҳо паронида мешуданд.

Тахминан соати 23:30 (01:30 ба вақти Душанбе) дар экранҳо раиси Шӯрои Мардумии (парлумони) Сурия Ҳаммуд Сабоҳ зоҳир шуд  ва эълом дошт, ки президенти амалкунандаро 95,1% овоздиҳандагон дастгирӣ кардаанд. Издиҳом ба додани шиорҳои «Аллоҳ, Сурия, Башор» шурӯъ кард ва мушакпаронии идона сурат гирифт.

                                                                                   АКС аз AFP

Май 28, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид