Дабири кулли СММ дар бораи афзоиши рекордии ҳарорати Замин дар тӯли 3 миллион сол изҳори назар кард

Май 7, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати Замин соли 2020 дар тӯли 3 миллион сол ба сатҳи рекордӣ расид, уҳдадориҳои ҷории кишварҳо оид ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ нокифоя мебошанд. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 6 май, Дабири кулли ин созмон Антонио Гутерреш зимни конфронси байналмилалии «Муколамаи иқлимии Питерсберг» изҳор кард.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 таҷаммуъи гази карбон то ҳадди нави зиёдтарин — 148% баландтар аз сатҳи қабл аз давраи саноатикунонӣ боло рафт.

«Ин сатҳи аз ҳама баландтарин дар тӯли 3 миллион сол аст ва он замон ҳарорати Замин 3 дараҷа зиёдтар ва сатҳи оби баҳр — тахминан 15 метр баландтар буд», — иқтибос овардааст хадамоти матбуоти СММ  суханони Гутеррешро.

«Соли гузашта боз як давраи бесобиқаи офатҳои фавқулода ва харобиовари обу ҳаво ва иқлим буд. Таҷаммуъи диоксиди карбон дубора то сатҳи зиёдтарин — 148% аз сатҳи қабл аз саноатикунонӣ боло рафт. Ин сатҳи аз ҳама баландтарин дар тӯли 3 миллион сол аст. Он замон ҳарорати Замин 3 дараҷа зиёдтар ва сатҳи баҳр тақрибан 15 метр баландтар буд», — гуфт Гутерреш.

Гутерреш шарҳ дод, ки соли 2020 ҳарорати сайёра нисбат ба давраи пеш аз саноатикунонӣ 1,2 дараҷа аз рӯи Селсия зиёдтар буд. «Ин то 1,5 дараҷаи ҳудуди ниҳоӣ, ки ҷомеаи илмӣ муқаррар кардааст, ба таври хатарнок наздик мебошад. Мо ҳанӯз ҳам ба сӯи афзоиши фоҷеабори ҳарорат то 2,4 дараҷа то охири аср ҳаракат мекунем. Мо воқеан дар лаби ҷарӣ қарор дорем», гуфт ӯ.

«Аммо агар мо якҷоя кор кунем, метавонем пайомадҳои бадтарини бесуботии иқлимро пешгирӣ кунем ва барқароршавии пас аз пандемияро барои ба роҳи тозатар ва сабзтари рушд баромадан истифода кунем», — чунин назар дорад Гутерреш.

 

АКС: РИА «Новости»

Май 7, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд