Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон фаъолияти аудиторӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Май 24, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, лоиҳаи Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва иҷрои Нақшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафъи камбудиҳои мутобиқати техникӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, равона гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои 11, 26, 27, 28 ва 35 ФАТФ ва Нақшаи номбурда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Тағйироти мазкур имкон медиҳад, ки талабот оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳо нисбат ба ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ, тавре ки дар тавсияи 11 ФАТФ муайян шудааст, муқаррар гардида, камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд.

Тағйироти мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки дар ҳолати аз ҷониби ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти аудиторӣ тадбирҳои таъсиррасонӣ андешида шаванд.

Қабули лоиҳаи Қонун, пеш аз ҳама, барои тақвият бахшидани низоми ватанӣ дар самти қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин бо мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти давлатӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.

АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Май 24, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид